​Сухан гуфтию дур(р) суфтӣ....

Беш аз панҷсол аст, ки дар назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии факултети таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ маҳфили адабии «Маъникушо» фаъолият дорад. Маҳфили мазкур фарогири паҳлуҳои эҷодӣ ва вижагиҳои ашъори адибони форсу тоҷик буда, дар доираи васеъи устодон ва донишҷӯёнимуассиса гузаронида мешавад.

Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи илммаҳфили навбатии «Маъникушо» дар факултетбаргузор гардид.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия Файзуллоҷон Баҳриевбо сухани ифтитоҳӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Баъдан тибқи барнома роҳбари маҳфил номзади илмҳои филологӣ, дотсент Фирӯзахон Қаюмова дар такя ба ашъори суханварони форсизабон баъзе ҷанбаҳои нокушодаи маънии абёт, истифодаи воситаҳои тасвир дар онҳо ва амсоли инҳо маърўза намуд. Хусусан дар атрофи вожаи “пироҳан” аз достони “Юсуф ва Зулайхо” ва маънии чанд байтҳои ноби шоирон мисолҳои ҷолиб овард...

Баъдан дар қисмати музокира саволу ҷавоб сурат гирифт, ки аъзоёни маҳфил дар он фаъолона иштирок карданд. Иштирокчиёни маҳфили “Маъникушо”хеле фаъол буданд ва супоришу корҳои мустақилонаро дар вақти муайян иҷро менамуданд.

Дар фарҷом номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Матлубахон Умарова оид ба баргузории маҳфил ва таъасуроти он ба ҷаҳонбиниву дониши илмии аъзоёналалхусус донишҷӯён андешаронӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ