SUGD.TJ Пешвои миллат-ҳомии беҳамтои забони тоҷикӣ

Ин унвони конференсияи илмӣ-амалӣ буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ доир гардид.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокчиён расонид.

Ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом доир ба гиромидошти забони давлатӣ сухан карда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт.

http://www.sugd.tj/news/khabarhoi-ruz/1311-peshvoi...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ