​Соли 2022 – соли баланд бардоштани сатҳу сифати таҷрибаомӯзӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2022 соли баланд бардоштани сатҳу сифати таҷрибаомӯзӣ эълон шуд. Ин ташаббус дар доираи татбиқи “Консепсияи рушди сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2021 – 2025” роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таъмини пешрафти раванди таҷрибаомӯзӣ, мусоидат ба самаранокии ин раванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти таҷрибаомӯзон унвон мешавад.

Дар назар аст, ки дар доираи ин иқдом дар донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҷрибаомӯзӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардад. Аз ҷумла, давоми сол ташкили бахши мониторинг ва менеҷменти сифати таҳсилот дар назди ШИСТ, ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъсиси маркази ягонаи таълимӣ-методӣ оид ба ворид намудани технологияҳои навовар дар раванди таълим бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон, пурзӯр намудани фаъолияти филилалҳои кафедраҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва бастани шартномаҳо бо муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаҳои гуногуни вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва шуъбаи кор бо мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисос муваззаф шудаанд, ки дар доираи ташаббуси мазкур давоми сол доир ба сатҳи касбии хатмкунандагон мониторинг гузаронида, дараҷаи самаранокии фаъолияти хатмкунандагонро дар корхонаву муассисаҳо мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Инчунин, дар назар аст, ки ҷиҳати омӯзиши фикру андешаҳои кордиҳандагон нисбати салоҳиятнокии хатмкунандагони донишгоҳ тадқиқоти иҷтимоӣ гузаронида мешавад.

P.s. Хотирррасон мекунем, ки соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Соли рушди таҳсилоти фосилавӣ” эълон шуда буд, ки ҷиҳати таъмини пешрафти самти мазкур заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, дар ин давра донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи ҷадиди “Системаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соҳиби Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ