​Соати саодат: Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳи хос таҷлил гардид

Рӯзи Дониш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода таҷлил гардид. Ба муносибати оғози соли нави таҳсил, ки барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ марҳилаи тозаи таълимӣ унвон мешавад, дар саҳни бинои №2 чорабинӣ баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода Рӯзи донишро дар роҳи таълим ва донишомӯзии довталабони маърифат фурсати навин маънидод намуда,оғози соли нави таҳсилро бо Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Тоҷикистони азизи мо ба ҳукми анъана даромадааст, рамзи нек, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик номид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати ин рӯйдоди муҳими таълимӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли давлатӣ тавъам меояд, самимона табрик гуфт.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони муосири пур аз таҳаввулот, ки технологияи нав, иттилоот ва иртиботот босуръат рушд мекунанд, маърифат ва дониш ба воситаи асосӣ барои пешрафт ва рушди шахсӣ табдил ёфтаанд. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки бидуни дониш, пешрафт ва муваффақият ғайриимкон аст. Дониш на танҳо сармояи шахсӣ, балки сарчашмаи пешрафти ҷомеа буда, инсониятро ҳамчун равшании ҳаёт дар торикиҳои зиндагӣ роҳбалад мекунад”- афзуд раиси вилояти Суғд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарозои 90 соли фаъолияти хеш дар тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони ҳирфаии соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми арзанда гузошта меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки фосилаи як сол - аз Рӯзи дониши соли гузашта то марҳилаи кунунӣ дар ҳаёти донишгоҳ як қатор навгониҳои ҷадид рӯйи кор омада, устодону донишҷӯёни мо бо дониши баланд, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ ба музаффариятҳои назаррас расиданд. Аз ҷумла, дар донишгоҳ ду кафедра - Филология ва методикаи таълими он, Забоншиносӣ ва типологияи муќоисавӣ ва7 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр - “Забон ва адабиёти тоҷик. Забони хориҷӣ (забони англисӣ)”, “Забон ва адабиёти тоҷик. Психологияи амалӣ”, “Бизнес-маъмуриятчигӣ”, “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ”, “Математика. физика (ѓоибона)” ва “Психология (ѓоибона)” ва дар зинаи магистратура ихтисоси “Молия ва ќарз” таъсис дода шуд, ки қабулионсолитаҳсили 2025-2026 бароҳмондамешавад.

Гуруҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ дар ихтисосҳои таърих ва ҳуќуќ, информатика, математикаи амалӣ, математика, таҳсилоти ибтидоӣ ва системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, ҳамчунин гуруҳи таҳсилашон бо забони англисӣ дар ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит аз дастовардҳои муҳими раванди таълим унвон гардид.

Соли нави таҳсил фаъолияти таълимӣ дар 18 факултет ва 85 кафедра ҷараён гирифта, таҳсил аз рӯи 102 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона ба роҳ монда шуд.

Ба донишҷӯён 904 нафар омўзгор, аз ҷумла 49 нафар доктори илм, профессор, 435 нафар номзади илм, дотсент, 420 нафар сармуаллим ва муаллим дарс медиҳанд, ки 53,5%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд дар идома ба як қатор собиқадорони донишгоҳ дастаи гул ва мукофоти пулӣ тақдим намуд.

Профессор Неъматҷон Файзуллоев, Корманди Шоистаи Тоҷикистон аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои дастгириҳои пайваста, ғамхориҳои мунтазам ва таваҷҷуҳи хос, ки ба аҳли маориф ва илм зоҳир мегардад, миннатдорӣ намуд.

Изҳори умед шуд, ки донишҷӯён ҳамчун ворисони маърифат ва насли ояндасоз марҳилаи нави таҳсилиро бо дастоварду музаффариятҳо давом дода, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар самти таъмини рушди Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Рӯзи Дониш бо тамошои Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун дастури роҳнамо аҳли маориф ва илми кишварро сӯйи пирӯзиҳои навин ҳидоят мебахшад, дар донишгоҳ идома ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ