СМ-1: Омӯзиши якрӯза дар ДДХ дар мавзӯи "Ҳифзи муҳити зист"

Беш аз 100 нафар донишҷӯёни факултаи филологияи руси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба омӯзиши якрӯза ҷалб шуданд. Онҳо доир ба мавзӯъи “Ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани атроф” фикру ақидаи худро байн дошта, дар бахшҳои саволу ҷавоб ва озмун-викторинаҳо фаъолона иштирок намуданд. Ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагон соҳиби тӯҳфаи хотиравӣ шуданд. Муфассал аз рафти омӯзиш гузориши навбатии барнома маълумот медиҳад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ