​Ширкати Тселл як қатор донишҷӯёнро қадршиносӣ намуд

Санаи 23-юми ноябри соли 2023 дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони ширкати Тселл, устодон ва донишҷӯёни факултет ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкурро декани факултет дотсент Нуриллозода Хушахт оғоз намуда, қайд намуд, ки ширкати Тселл бо факултет ҳамкории зич дошта, дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ сарпараст мебошад. Далели гуфтаҳои болои, ин аст, ки дар доираи Ёддошти ҳамкории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҶСП “Индиго-Тоҷикистон” дар факултети барои донишҷӯён гӯшаи интернети бемаҳдуд (Wi-fi зона) моҳи ноябри соли 2022 ифтитоҳ ёфта буд, инчунин бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва ҳамкорӣ бо ҶСП “Индиго-Тоҷикистон” дар факултет лабораторияи “Системаҳои ирсолӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Ин навбат аз тарафи ширкати мазкур барои ғолибони олимпиадаи фаннӣ аз технологияи иттилоотӣ (давраи факултетӣ) сертификат барои ройгон дастраси пайдо намудан ба афзалиятҳои тарофаи Салом 40 тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ