​Ширкати намояндагони донишгоҳ дар вохӯрии ҳамоҳангсозони ERASMUS + DECIDE

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола дар озмуни ташкилоти Иттиҳоди Аврупо, БарномаиERASMUS + фаъолона ширкат меварзад ва донишгоҳи беҳтарин дар ҷодаи татбиқи (22 лоиҳа) лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар кишвар маҳсуб меёбад. Яке аз ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Трансилванияи Брашови Руминия ва як қатор донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ доир ба “Беҳтаргардонии хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” мебошад.

ЛоиҳаиERASMUS + DECIDE “Беҳтаргардонии хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” расман моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфта, то 14 – умиоктябри соли 2022 идома меёбад. Ҷаласаи нахустини лоиҳа дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ санаҳои 11 – 12 –уми февралисоли 2019 баргузор гардид. Ҳамчунин, аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа дар семинар – омӯзишҳои махсугардонидашудаи Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон (моҳи марти соли 2019), Донишкадаи технологии Лимерики Ирландия (моҳи – июли соли 2019) ва вохӯрии дувумини ҳамоҳангсозони лоиҳа (санаҳои 21 – 22 – уми ноябри сол 2019) дар Донишгоҳи Мидделсекси Лондонии Бритониёи Кабирширкат варзиданд ва аз таҷрибаи бойи ин муассисаҳо бархудор гардиданд.

Вохӯрии навбатии ҳамоҳангсозони лоиҳа санаҳои 23 – 27 –уми марти соли 2022 дар Донишгоҳи Трансилванияи Брошови Руминия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа фаъолияти ду солаи лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷагирӣ карданд. Гузашта аз ин, дар ин вохӯрӣ доир ба тасдиқи нақшаи кории соли сеюм, ба нақшагирии чорабиниҳо дар донишгоҳҳои узви лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳисоботи умумии лоиҳа ҷиҳати ирсол намудани он ба Коммисияи босалоҳияти Иттиҳод Аврупо аз номи аъзоёни лоиҳа, имкониятҳои ширкат дар озмуни лоиҳавии соли ҷорӣ бо ҳамкорон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин лоиҳа ҳамоҳангсози миллӣ маҳсуб меёбад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар ин вохӯрӣмуовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора ва сармутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷамшед Истамқулов, ки бевосита ҳамоҳангсози кул дар кишвар ва ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳ мебошад, муаррифӣ карданд.Дар рафти пешниҳоди ҳисобот намояндагони донишгоҳ ду китоби тозанашре ки аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа таҳия ва бо дастгирии бевоситаи лоиҳа чоп шуда буд муаррифӣ намуд ва ин иқдом аз ҷониби ҳамоҳангсозӣ кул ва ҳамкорон хеле ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷаласаимазкур намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор аз Иттиҳоди Аврупо аз қабили Донишгоҳи Критаи Юнон, ДонишкадаиТехнологии Лимерки Ирландия, Донишгоҳи ва Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон, инчунин намояндагони чор муассиса аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва панҷ муассиса аз Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, намояндагони чор муассиса ба монанди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кулоб, Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди Инклюзия” ширкат карданд.

Истамқулов Ҷ.З., Қурбонов С.И. – кормадони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ