Шиносоии Раиси вилоят бо лабораторияҳои навтаъсис
Дар доираи чорабинии тантанавӣ ҷиҳати таҷлил аз Рӯзи дониш Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи факултети санъати тасвирӣ ва технология ҳунарҳои мардумии кашидадӯзӣ, кандакорӣ ва кундалкорӣ ба намоиш гузошта шуд. Раиси вилоят аз маҳсули дастони устодону донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими маҳорати ҳунармандии донишҷӯён маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, дар факултети мазкур Раиси вилоят бо толори расмкашӣ ва арт-галерея шинос шуданд.
Инчунин, бо шароит ва имконоти лабораторияи таълимӣ-рақамӣ дар факултети математика, лабораторияҳои методикаи таълими физика, механика ва илмӣ-инноватсионӣ дар факултети физика ва техника ва лабораторияи химия ва биология дар факултети биология-химия шиносоӣ сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки навовариҳои мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” рӯйи кор омадаанд.
Ба Раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки лабораторияҳои мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дониши назариявии донишҷӯён ва таҳқими саводи муҳассилини донишгоҳ таъсис ёфтаааст.
Дар идома дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ лоиҳаҳои инноватсионӣ муаррифӣ шуданд, ки ба он аз ҷониби роҳбари вилоят баҳои баланд дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати таъсис ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани лабораторияҳои мазкур дастгирии роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд калон буда, ин дастовардҳо
самараи таваҷҷуҳи хос ва ғамхорӣ нисбат ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ минбаъд низ тамоми донишу нерӯи худро баҳри иҷрои рисолати хеш масраф намуда, ҷавобан ба чунин шароити арзанда ва имкониятҳои васеъ софдилона хидмат мекунанд.


Маркази иттилоот ва таҳлил