Шиносоии декани факултет аз раванди таҷрибаомӯзӣ

Декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Меҳринисо Абдуллоева ва муовини декан ҷиҳати шиносои бо раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Низоми Ганҷавии шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки донишҷӯён саривақт бо сару либоси тавсиявӣ дар утоқи корӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин, дар синфхонаи махсус, ки барои донишҷӯён ҷудо шудааст, гӯшаи таҷрибаомӯзӣ ташкил ва насб гардида, дар он маълумот доир ба таҷрибаомӯзон, рафти гузаронидани ҷадвали дарсии синфҳои вобасташуда, ҷадвали навбатдорӣ, ҷадвали дарсҳои санҷишӣ ва ҷадвали гузаронидани семинари методӣ нишон дода шуда буд.

Декани факултет профессор Меҳринисо Абдуллоева бо донишҷӯён ҳамсуҳбат гашта, аз камбудиву бартариҳои дар рафти таҷрибаомӯзӣ ба миён омада пурсон гашт. Давомот ва ҳуҷҷати ҳар як таҷрибаомӯз аз тарафи садорати факултет санҷида шуд. Донишҷӯён аз давомоти таҷрибаомӯзии худ маълумот пешниҳод намуданд.

Дар интиҳо профессор Меҳринисо Абдуллоева ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машғулиятҳо ва истифода аз усулҳои муосиртаълим ба таҷрибаомӯзон маслиҳату машварати методӣ дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ