​Шиносоӣ бо вазъи донишандӯзиву бақайдгирии донишҷӯёни хориҷӣ

Кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҳафизова М. ва Муҳаммадизода Ф. бо мақсади шинос шудан бо вазъи донишандӯзӣ ва бақайдгирии донишҷуёни хориҷӣ ба факултетҳои донишгоҳ ташриф оварданд. Аз ҷумла, ба факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, геоэкология, филологияи рус, тарбияи ҷисмонӣ, филологияи узбек , забонҳои хориҷӣ, биология-химия ташриф оварда бо донишҷӯёни хориҷӣ оид ба қоидахои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои дохилии донишгоҳ, иштирок дар машғулиятҳо сӯҳбат гузарониданд. Зимни мулоқоту вохӯриҳо донишҷӯён ба намояндагони шуъба суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ