Симпозиуми байналмилалӣ: Навоӣ ва ренессанси шарқ

Санаҳои 8-9-уми феврали соли равон бо ташаббуси фонди ҷамъиятии ба номи Алишер Навоӣ дар ашҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони “Навоӣ ва ренессанси шарқ” бо иштирки васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Дар кори Симпозиум устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Нуралӣ Нурзод, дотсентон Бахтиёр Файзуллоев, Феруза Қаюмова ва Нӯъмонҷон Неъматов бо маърӯзаҳои илмӣ перомуни омӯзиши мероси адабии Алишери Навоӣ ва таъсирпазирии Навоӣ аз адабиёти классикии тоҷик баромад намуда, соҳиб сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гаштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маводи Симпозиум дар шакли маҷмуаи мақолаҳо ба табъ хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ