​Симои Модар ва манзалати ӯ аз нигоҳи бузургон

Таҳти ҳамин унвон дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣҳамоиш баргузор гардид.

Чорабиниро муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Файзулло Баҳриев оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Дар ҳамоиш номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Матлуба Умарова роҷеъ ба мақом ва мартабаи бонувон дар ҷомеа аз нигоҳи Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ў ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дўст доранд ва азиз шуморанд. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Сипас, дотсент С. Мамадҷонов оид ба дастовардҳои илмии устодон-бонувони факултет гузориш дод. Зикр гардид, ки имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст. Дар идома муаллима Юнусова Зебо аз бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў ҳарф зад. Номзади илмҳои таърих, дотсент Икромов Назирҷон дар баромади хеш қайд кард, ки Зан-Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад.

Дар фарҷом байни донишҷӯёни курси якуми ихтисоси агромуҳандисӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ озмуни “Расмкаши беҳтарин” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Ғолибон дар ҷамъбасти ҳафта бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ