​Силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мешаванд

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла мусобиқаҳои варзиширо ба роҳ мондааст.

Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ҷиҳати тарғиби варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дарёфти ҷавонони варзишгар роҳандозӣ мешавад.
Ба маълумоти Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён ва устодону кормандони донишгоҳ аз санаи 10 ноябри соли 2021 оғоз шуда, давоми ҳафта ҷараён мегиранд.
Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки мусобиқа аз рӯи намудҳои футболи хурд, волейбол (мардон ва бонувон) ва баскетбол гузаронида мешавад.
Тафсилот дар аксҳо ҷой дода шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ