​Силсилаи чорабиниҳо давоми ҳафтаи равон

Давоми ҳафтаи равон дар факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҷиҳати таҳкими равандҳои фаъолияти донишгоҳ дар самти таълим, илм, тарбия нигаронида шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус дар факултети забонҳои шарқ дарси каллиграфӣ аз тарафи муаллимаи забони чинӣ Янг Десия, бо роҳбарии дотсент Линг Ҷиен маҳфили операи пекинӣ ва Рӯзи таоми миллии чинӣ ҷашн ба роҳ монда шуд.

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшинсӣ дар мавзӯи “Фарҳанги шарқи қадим” дарси кушоди намунавӣ тавассути УФТва технологияи муосир, дар хобгоҳи №3 чорабинии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Китоби Тоҷикон дирӯз, имрӯз ва фардои миллат”, дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ – тарбиявӣ бахшида ба “Соли рушди илм байни донишҷӯёни донишгоҳ” ва конеренсияи илмӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ» бо иқдоми кафедраи тарљума ва граматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ доир гардиданд.

Бахшида ба ҳафтаи илм дар кафедраи технология ва методикаи таълими он мизи мудаввар дар мавзӯи “Тарғиби ҳунарҳои миллӣ” ва дар хобгоҳи №3 бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров – эхёгари тамаддуни ҳалқи тоҷик” аз ҷониби кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ-амалӣгузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ