​Силсилаи чорабиниҳо ба ифтихори Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар факултети филологияи тоҷик ба муносибати 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ силсилаи чорабиниҳо идома дорад. Аз ҷумла, бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик намоиши китоб доир шуд, ки дар доираи он эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон ва маҷмуи осоре, ки доир ба рӯзгору фаъолияти эшон нашр шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон, дар идомаи ин ташаббус маҳфил доир гардида, дар он декани факултет профессор Замирахон Ӯлмасзода, адабиётшинос Баҳром Мирсаид, профессор Неъматҷон Файзуллоев, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мутрибахон Мавлонова маърӯзаҳо намуда, оид ба марҳилаҳои камолоти эҷодӣ, мундариҷаи маҷмуаҳо, нашри китобҳои Фарзона дар кишварҳои хориҷ ва фаъолияти тарҷумонии ин чеҳраи меҳварии маҳфил андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар адабиёти имрӯзи тоҷик на ба ҳар симои адабӣ мақоми волое, ки Фарзона дар ҷаҳони адаби тоҷику форс ба даст овардааст, муяссар гардидааст. Инро нашри беш аз 50 китобу маҷмуаи Фарзона, рӯйи кор омадани 9 рисолаи ҷудогонаи илмии донишмандони ватаниву хориҷӣ ва таълифи садҳо мақолаи тадқиқотии донишмандон собит месозад.

Намоиши филмномаи мухтасар аз зиндагиномаву пайроҳаи умр, қироати шеър аз ҷониби донишҷӯён ва суруди дилангези сарояндагон маҳфилро ҳусни дигар бахшид.

Даҳрӯзаи мутолиаву омӯзиши рӯзгору осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ