​Силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Дар факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо иштироки устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Чорабиниро муовини декан оид ба корҳои тарбия Шукуров А. оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чунин чорабниҳоро аз баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон ва баланд бардоштани донишҳои сиёсии онҳо арзёбӣ намуд. Сипас, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Улмасова Н. роҷеъ ба мақому манзалати Конститутсия дар ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Дар чорабинӣ видеороликҳо дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар намоиш дода шуд.

Ҳамчунин дар хобгоҳи №3 мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён перомуни мавзӯи баррасишаванда баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд. Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи кишвар ҷашни шаклгирии давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоӣ,аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад.

Санаи 5 – уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарнавишти тақдирсози миллати тоҷик» бо забони англисӣ гузаронида шуд.

Донишҷӯён тавонистанд бо қироати шеъру гуфторҳо, намоиши муаррифиву видеороликҳо, нақшбозӣ дар саҳнача, ташкили бозиҳои шавқовар бо забони англисӣ моҳият ва арзиши Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ба иштироккунандагон фаҳмонанд ва дар ин радиф нутқи шифоҳии худро аз забони англисӣ сайқал диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ