​Сиёсати занон дар меҳвари Паём

Таҳти чунин унвон дар толори хурди раёсати донишгоҳ мизи мудаввар бо иштироки раисони Шӯрои занони факултетҳо баргузор гардид. Мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, афзуд, ки тавре дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз шуд, имрӯзҳо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Таъкид рафт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии Пешвои миллатмақоми занон марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, барои фаъолияти бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ имкон фароҳам оварда шуд.

Дар идома раиси Шӯрои занони факултетҳои телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ Алиматова Умедахон ва раиси Шӯрои занони факултети забонҳои шарқ Марямхон Абдуллоева дар мавзуъҳои “Мақоми занон дар сиёсати давлатӣ” ва “Соҳаи маориф дар меҳвари Паём” маърӯза ироа намуданд. Дар баромадҳо зикр гардид, ки маҳз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои маблағгузориашон ба соҳаи маориф дар ҷойи 21 қарор дорад.

Дар анҷом иштирокчиён доир ба мавзуи баррасигардида байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ