​СЕМИНАРИ ТАРБИЯВӢ: «МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХУШУНАТ: ВАЗИФАИ ҶОМЕА ВА ҶАВОНОН»

5 декабри соли 2025 дар факултети математикаи Донишгоҳ семинари тарбиявӣ таҳти унвони «Мубориза бар зидди хушунат: Вазифаи ҷомеа ва ҷавонон» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон» сурат гирифта, ҷанбаҳои муҳими пешгирии зӯроварӣ ва тарғиби ҳаёти осоишта дар оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар семинар мавзуъҳои гуногун – аз ҷумла оқибатҳои хушунат, нақши зан дар оилаи солим, тарбияи дурусти фарзандон, таъмини суботу оромӣ дар муҳити оилавӣ, ҳамчунин роҳҳои решакансозии хушунати хонаводагӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор дода шуданд. Маърӯзачиён таъкид доштанд, ки ташаккули фарҳанги муносибати солим дар оила аз тарбия ва масъулияти ҳар як узви ҷомеа вобаста аст.

Дар қисмати ҷамъбастӣ ба чанд тан аз устодони фаъол Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамзамон, гурӯҳе аз устодон ва донишҷӯён ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Дар анҷом масъулон зикр карданд, ки мубориза алайҳи хушунати оилавӣ танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест. Ин раванд масъулияти иҷтимоии ҳар як шаҳрванди ҷомеа ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ ба таҳкими пояҳои оила, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум ва ташаккули ҷомеаи солим мусоидат мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ