​Семинари таълимӣ – методӣ: “Тартиб додани кори хаттӣ аз фанни математикаи элементарӣ”

Семинари таълимӣ – методии навбатии кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор шуд.

Дар кори семинар муаллими калон Абдуллоева Заррина дар мавзуи “Тартиб доданикори хаттӣ аз фанни математикаи элементарӣ барои донишҷӯёни гурӯҳи махсус (болаёқат)” маърӯза намуд.

Аз ҷониби омӯзгор 30 мисолу масъалаҳои мушкил барои донишҷӯёни болаёқат мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Семинари мазкур ҷиҳати татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳар моҳ як маротиба доир мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ