​Семинари таълимӣ – методӣ: Роҳҳои омӯзонидани масъалаҳо оид ба исбот

Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ бо иштироки устодону муҳаққиқони ҷавон семинари таълимӣ – методӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муаллими калон Саидова Рафоат дар мавзуи “Роҳҳои омӯзонидани масъалаҳо оид ба исбот” маърӯза намуд. Бо овардани мисолу масъалаҳо муҳимияти мундариҷаи мавзуъро баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ Мирзоходжаев Музаффар дар мавзуи “Намунаи ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён” маърӯза намуда, бо ёрии намунаҳо мавзуъро баррасӣ намуд.

Оид ба дуруст пурра намудани ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён маълумотҳои муфид дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ