​Семинари психологӣ: Муоширати солим дар байни ҷавонон

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муоширати солим дар байни ҷавонон” баргузор гардид. Дарчорабинӣ устодони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон, намояндагони созмонҳои ҷавонон ва Шӯрои духтарони факултетҳо, гирандагони стипендияи президентӣ ва аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии «Пайравони Пешвои миллат» ва «Андеша» фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, устодони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, номзади илмҳои педагогика Мансур Луфов ва муаллима Раъно Ҳоҷиебоева доир ба аҳамияти муошират дар ҳаёту фаъолияти инсон, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва ташаккули шахсияти онҳо, роҳу усулҳои таъсирбахши корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва пешгирии падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон маърӯза ироа намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорон ба саволҳои сершумори худ аз мутахассони соҳаи равоншиносӣ посух гирифтанд.

маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ