​Семинари омӯзишӣ оид ба луғати сезабонаи тавсияшуда

Дар назди кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети филологияи рус ҷиҳати иҷроиши фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди омӯхтан ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Каримова Дилбар барои омӯзгороникафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ тарзи навишт ва талаффузи дурусти калимаҳои забони англисиро шарҳ дод.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати азхуд намудани луғати сезабонаи тавсияшуда тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ