​Семинари муштарак: рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ

Устодони факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров якҷо бо омӯзгорони кафедраи риёзӣ - табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари муштарак ташкил намуданд. Семинари мазкур дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин иқдом перомуни мавзуъҳои муҳиму асосӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд. Аз ҷумла, оид ба мавзуъҳои «О решениях одной многомерной переопределенной системы без условия полной интегрируемости» ва «О решениях систем четырёх дифференциальных уравнений с частными производными в пространстве Шварца» иштирокчиёни семинар баромад намуданд, ки ҷолибу муфид буд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз ин ташаббус таъмини ҳамкориҳои судманд ва ба ин васила баррасии масоили илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар самти таъмини рушди илму маориф унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ