​Семинари магистрантони кафедраи анализи математикӣ

Бо иштироки магистрантони курси якуми кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов семинар доир шуд. Семинари мазкур ба мавзуи «Мафҳуми қаторҳои функсионалӣ. Ба қатор паҳн кардани функсияҳои элементарӣ» бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори семинар мудир ва устодони кафедра иштирок намуданд.

Дар доираи семинар оид ба мафҳуми қаторҳои ададӣ ва суммаи онҳо, мафҳуми қатори функсионалӣ, қатори Тейлор ва Маклорен шарҳ дода шуд.

Зимни ироаи маърӯза аз ҷониби магистранти кафедра нозукиҳои қатори беохир, ки дар курси математикаи мактаби миёна ҳангоми ёфтани суммаи аъзои прогрессияи геометрии камшаванда тадбиқ мешавад, нишон дода шуд.

Қайд карда шуд, ки қаторҳо дар бисёр соҳаҳои гуногуни математика ва физика васеъ истифода бурда мешавад.

Бо суолу ҷавоб миёни магистрантон семинар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ