Семинари илмӣ-назариявӣ дар факултети физикаю техника
Бахшида ба ҳафтаи илм дар кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари илмӣ-назариявии намунавӣ таҳти унвони “Кинетикаи оксидшавии хӯлаи АК1М2 бо калсий модифитсиронидашуда” бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Семинари мазкурро мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Рустам Валиев ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба докторанти PhD-и ихтисоси физика Сӯҳроб Отаҷонов вогузошт. Номбурда зимни баромад оид ба натиҷаҳои илмии омӯзиши таъсири калсий ба оксидшавии хӯлаи АК1М2 дар ҳаво дар ҳарорати аз 723 то 823K бо усули термогравиметрӣ маълумот дод.
Сипас, вобаста ба мавзӯи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва талҳлил