​Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи ҳисоби системаи эллиптикӣ

Дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар кори семинар устодон, докторанти PhD ва магистрантони кафедра иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи семинари мазкур мавзуи «О некоторых оценках для эллиптических систем, обобщающих систему уравнение Бицадзе» мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни он маърӯзаҳо шунида шуданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» семинар бо забони русӣ сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки баргузории чунин семинарҳо ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми кафедраҳои донишгоҳ тибқи нақша ташкил ва доир мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ