​Семинар: Воҳидҳои фразеологии беэквивалентӣ дар забони англисӣ


Дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодон доир гардид. Кори семинар тавассути суханронӣ ва муколамаи илмии олимону омӯзгорондар доираи мавзӯи пешакӣ ба нақша гирифташуда сурат гирифт. Фаъолияти семинар бо мақсади ташаккули корҳои илмӣ тадқиқотӣ ба роҳ монда мешавад.

Сармуаллими кафедра Исоева Д.Ҳ. дар мавзӯи “Воҳидҳои фразеологии беэквивалентӣ дар забони англисӣ” баромад намуд. Номбурда доир ба воҳидҳои фразеологии беэквивалентӣ, намудҳои он, яъне воҳидҳои фразеологии беэквивалентии субстантивӣ (исмӣ), феълӣ, сифатӣ маълумот дод. Пас аз маърӯза муҳокима оғоз гардид, ки дар он устодони кафедра фаъолона ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки ташкил ва баргузории семинар ба ҷалб намудани кормандони илмию педагогӣ барои фаъолияти мақсадноки илмӣ тадқиқотӣ, ки дар маҷмӯъ ба рушди илм ва инноватсия мусоидат хоҳад кард, татбиқи амалии самтҳои ҷудогонаи барномаҳои дурнамои корҳои илмӣ тадқиқотии кафедра мусоидат хоҳад кард.

Маркзи иттиоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ