​Семинар: Тарзи навиштани мақолаи илмӣ

Дар толори хурди раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ибтикори ҷамъияти илмии донишҷӯён семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Тарзи навиштани мақолаи илмӣ” баргузор карда шуд.

Дар семинар 25 нафар донишҷӯ аз факултети таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик, филологияи рус, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, забонҳои шарқ ва санъати тасвирӣ ва технология иштирок намуданд.

Нахуст раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Қурбонзода Моҳрӯ оид ба ҳадафҳои баргузории семинар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар донишгоҳ ҳаркати олимпӣ ва ҷамъияти илмии донишҷӯён амал намуда, зиёда аз 200 нафар аъзо дорад ва фаъолияти худро баҳри пешрафт ва кашфиётҳои бузурги илмӣ сафарбар карда истодааст. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани тафаккури илмии донишҷӯён ва ҷалби онҳо барои анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин замина навиштани мақолаҳои илмии ба талабот ҷавобгӯ ташкил карда шуд.

Семинарро муҳаққиқи номвар, муҳаррири маҷаллаи илмии “Номаи донишгоҳ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифҷон Тоҷибоев роҳбарӣ намуда, ба донишҷӯён доир ба нозукиҳо, банду баст, сохту таркиб ва талаботҳои мақолаи илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Донишҷӯён ба устод саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ