​Семинар: Таълими луғати забони англисӣ дар курси III

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ ҷаласаи навбатии семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки устодон ва муҳаққиқони ҷавон ташкил ва баргузор гардид. Дотсент Ибрагимова Р.А. - мудири кафедра ба кори семинар ҳусни ифтитоҳ бахшида,зимнан қайд намуд, кибо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу забондон дар кафедра семинарҳо мунтазам гузаронида мешаванд. Сипас, дотсент Ҳомидова М.Н. дар мавзӯи “Таълими луғати забони англисӣ дар курси III” маърӯза ироа намуда, зикр намуд, ки омӯзиши луғати забони англисӣ бояд тариқи методҳои гуногуни муосир ба роҳ монда шавад. Луғат ҷузъи малакаи хониш маҳсуб мегардад, аммо бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи калима аз ибораву матн, роҳҳои хоси омӯзишу таълими он ташаккул меёбанд ва ин ҷузъи хониш ба малакаиалоҳидаи мустақил табдил ёфта метавонад.

Доир ба мавзӯи баррасишаванда миёни устодони мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ