Семинар: Таҳлили калонтарин тақсимкунандаи умумии бисёраъзогиҳо
Дар кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар семинар муаллими калони кафедраи мазкур Абдушафи Миршоев дар мавзуи «Таҳлили калонтарин тақсимкунандаи умумии бисёраъзогиҳо», маърӯза ироа намуд.
Дар баромад оид ба калонтарин тақсимкунандаи умумии бисёраъзогиҳо хосиятҳои тақсими бақиянок ва хосиятҳои калонтарин тақсимкунандаи умумии бисёраъзогиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар интиҳо перомуни мавзуи баррасигардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил