​Семинар: Таҳқиқоти эндоскопияи узвҳои дохилӣ

Дар факултети биология-химия, бо ташаббуси кафедраи тиббӣ- биологӣ семинари илмӣ дар мавзӯи “Таҳқиқоти эндоскопияи узвҳои дохилӣ ”баргузор гардид.

Дар кори семинар Латофат Исмоилзода - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори тиббӣ-биологӣтаҳти роҳбарии Мавлудахон Аҳророва - сармуаллимаи кафедра доир банамудҳои эндоскопияи узвҳои дохилӣ ва тарзи истифодаионҳо маърӯза намуд. Зимни баромад маҳуми эндоскопия, роҳҳои муоина намудани ҳолати узвҳои дохилӣ ва монанди инҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар охир миёни иштирокчиён доир ба мавзӯи баррасишаванда баҳсу мунозираҳои судманд ҷараён гирифт.

маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ