​Семинар: Рушди тафаккури техникӣ

Дирӯз дар бинои таълимии №3 семинари таълимӣ-методӣ навбатии кафедраи умумидонишгоҳииинформатика бо иштироки васеи устодон доир гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра дотсент ҲусейнбойАҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани семинар ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад. Зикр шуд, ки мақсади асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ дар назди кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ,ба роҳ мондани иртиботи илмиву техникии олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмии кишвар, технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯӣ ва мураттабсозии иттилоот мебошад.

Дар семинар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Диловар Абдураҳимов дар мавзуи “Шабакаҳои локалӣ” баромад карда, дар бораи тарзи кори шабакаҳои локалӣ, минтақавӣ, глобалӣ, IP-адрес, “тонкий клиент”, компютери асосии шабака (сервер) ва бартараф кардани норасоиҳои кори шабака маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд,, ки семинари мазкур моҳе як маротиба бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика ташкил ва баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ