​Семинар-машварат: “Маърифати ҳуқуқӣ – омилитаъмини волоияти қонун”

Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом нишасти навбатии Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавони донишгоҳ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимми таъмини волоияти қонун” доир гардид. Ин иқдом ба муносибати “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардид.

Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва таҳким ёфта, мавҷудияти пойгоҳи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин менамояд ва ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузорад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор дода, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад ва ҳама гуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешаванд. Агар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд ва бо итминони комил таҷлили чунин силсила ҳамоишҳоро барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии омӯзгорони ҷавон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд” – афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Декани факултети таърих ва ҳуқуқҶабборзода Иброҳим ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Мухторзода Киромиддин иштирок намуда, доир ба асосҳои ҳуқуқӣ – конститутсионии рушдиқонунгузории ҷиноятӣ ва масъулияти касбӣ – ҳамчун унсури муҳими маърифати ҳуқуқӣ маърӯза намуд.

Дар семинари мазкур омӯзгорониҷавон вазифадор гардиданд, ки бароибаланд бардоштани сатњу сифати таълим ва касбияти худ кӯшиш намоянд, серталаб ва ба касбу кори худ содиќ бошанд, зеро дараљаи тадрис ва дараҷаи дониши касбии онҳо дар ташаккули шахсият ва афкори созандаи муњассилин наќши муњим дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ