​Семинар: Масъалаҳои таълиму тарбия ва муоширати шахсони ношунаво

Бо мақсади рушди ҳамкорӣ бо мутахассисони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус семинари навбатиии таълимӣ- методии “Методҳои корҳои ислоҳӣ бо бачагони имконияти маҳдуди саломатӣ дошта” баргузор гардид.

Семинарро дотсент Раҳмонов З. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, раиси “Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоён” –и Ҷумҳурии ТоҷикистонСаттор Қувватов ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои таълиму тарбия ва муоширати шахсони ношунаво ибрози назар намуда, хусусиятҳои омӯзиши малакаи забони ишора ва методи таълими кӯдакони ношунаворо бо мисолҳо шарҳ дод. Дар ин асно Раҳмонов З. ва Қувватов С. ба иштирокчиён баъзе калимаю ибораҳои имову ишораи забони тоҷикиро омӯзониданд. Дар идома устодону донишҷӯёни ихтисоси логопедия ва олигофренопедагогика дар музокираҳо иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гиифтанд.

Семинар-вохӯрӣ дар сатҳи баланди илмӣ-назариявӣ ва методӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ