​Семинар: Мақолаи илмӣ ва тарзи навишти он


Аз рўи нақшаи раёсати донишгоҳ ва шуъбаи илм ва инноватсия моҳи октябри соли равон дар факултетҳои донишгоҳ семинари илмӣ доир ба нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳое, ки дар қайди Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Scopus қарор доранд баргузор гардид. Толибҷон Хабилов доктори илмҳои биологӣ, профессор, сармуҳарри маҷаллаи “Номаи донишгоҳ”, (силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ) дар назди олимони ҷавон – магистрантон, докторантон, унвонҷўён ва устодони перомуни таҳияи мақола илмӣ ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷаллаи «Номаи донишгоҳ» пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи маҷалла ҷавобгӯ бошанд ва мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад, мавзўи мақола ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.

Иштирокчиёни семинар ба музокира баромада ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ