Семинар: “Илм-фурӯғи маърифат”
Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар доираи ҳафтаи илм як қатор чорабиниҳо доир гардиданд.
Аз ҷумла, таҳти унвони “Илм-фурӯғи маърифат” дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он масъулину устодони кафедра, намоянда аз раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва директори китобхонаи илмии донишгоҳ иштирок намуданд.
Семинари илмӣ-назариявиро мудири кафедра дотсент Ҷӯраева Сарвиноз ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳадаф ва мақсади ин иқдом таъкид намуд.
Номбурда дар мавзӯи “Нақши хонавода дар тарбияи фарзанд” маърӯза намуда, дар мавриди нақшу ҷойгоҳи хонавода дар таълиму тарбияи фарзандон ибрози назар намуд.
Дар идома аз ҷониби як қатор устодони кафедра таҳти унвони “Моҳияти асосии таҷлили ҷашни Наврӯз аз нигоҳи Пешвои миллат” ва “Хусусиятҳои фарҳангии забон ва дин дар даврони Ҳахоманишиён” маърӯзаҳо шунида шуданд.
Бо суолу ҷавоб миёни иштирокчиён ва табодули афкор семинар ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил