​Шарҳу тавзеҳи Паём дар факултетҳои Донишгоҳ

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва ба танзим даровардани сару либоси тавсиявӣ барои донишҷӯдухтарон дар факултетҳо мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид.

Зимни мулоқоту вохӯриҳо устодони ботаҷрибаи донишгоҳ аз ҳисоби занони фаъол, баромад намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд, аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти олиии мамлакат нисбати бонувон ёдовар шуданд. Баромадкунандагон бо намоиши муаррифиҳо (слайдҳо) фикри худро тақвият дода, моҳият, мазмун ва мундариҷаи мавзуҳои баррасишавандаро ба донишҷӯён расониданд.

Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷавонон барои хидмати содиқонаю софдилона ба Ватани озоду обод даъват карда шуданд. Дар идома "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ" ба таври муфассал фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки донишҷӯёни муассисаҳои олиро мебояд, ки бо либоси мувофиқ ба дастурамали мазкур ба дарс ҳозир шаванд ва ба сару либоси ба милли таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Гуфта шуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ