​Шарҳу тавзеҳи Паём дар факултети забонҳои хориҷӣ

Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони ““Тоҷикон” – шиносномаи миллати тоҷик” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид.

Дар конференсия таъкид гардид, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши муҳим мегузоранд.

Баромадкунандагон зикр доштанд, ки аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои мардуми мамлакат, ҷиҳати рушду ободӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ