​Шартномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Беларус

Даҳаи якуми моҳи октябри соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ширкат варзиданд. Зимни баргузории Форум ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкорӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкории Тоҷикистону Беларус рушд ёфта истодааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидааст, ки он барои инкишофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва маорифи ҳар ду кишвар хизмат мекунад.Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар заминаи Форуми мазкур миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳо ба имзо расид. Дар заминаи Форуми мазкур намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил шуд.

Боиси хушнудист, ки дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус миёни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатии забонҳои Минск ва Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ҳамкориҳо 4 созишнома амал мекард, ки айни ҳол 2 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва дар маҷмуъ 6 созишнома татбиқ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ