Сарсупурдаи миллат – Садри муаззами мо!

Авроқи таърих ба арсаи сиёсат шахсиятҳоеро дар худ насб мекунад, ки минбаъд адабиёт, фаъолият ва корнамоиҳои ӯро ҳамчун оинаи равшани ҳаёт инъикос менамояд. Интиҳои асри XX ва ибтидои садаи XXI ҳамин гуна симо дар саҳфаҳои таърихи халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, тамоми дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолият, заҳматҳои шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзонафарзанди миллат робита дорад. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардонад ва номи тоҷиконро ҳамчун миллати бофарҳанг ва таърихӣ бештару зиёдтар муаррифӣ намояд.

Дар ҳақ, Эмомалӣ Раҳмон – орифе, ки исми муборакашон дар авроқи таърихи халқи тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудааст! Оқиле, ки кулли ҷаҳониён тамаддуни сулҳофариро аз он кас омӯхтаанд! Олиме, ки кору пайкор ва арҷгузории аҷдодону ниёгони худро пешаи кори худ бинмудаву фарҳангу маданияти миллати тоҷикро, ки аз азал волотарин дар ҷаҳон шинохта шудааст, дубора зинда бинмудаанд! Дар ҳақ, Садри муаззами миллат ҳамон сарсупурдаи миллате, ки фарҳангу тамаддуни дар умқи таърих ҳазорсолаҳо ниҳон буду нафареро нигарон буд, ки чун Исмоили Сомонӣ давлати тоҷикон ва маданияту тамаддунро эҳё бинмояд... Дарин росто таъкиди ояндабинонаи Роҳбари кишварро ин ҷо овардан шояд сари вақтӣ бошад, ки мегӯянд: “Ман борҳо гуфта будам ва ҳоло боз мегўям: фақат миллате, ки барои рушду инкишофи илму фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст.

Халқи тоҷик пеш аз ҳама тавассути фарҳанги оламгири худ симои хешро маҳфуз дошт ва нуфузу мартаба пайдо кард. Мо фарҳанги ниёгонамонро қадр мекунем ва тамоми кўшишро ба харҷ медиҳем, ки он минбаъд ҳам ривоҷу равнақ ёбад”.

Маълуми ҳамагон аст, ки Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлоли бар хуну хок оғушта буду замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари кишвар миллат дар ҳолати парокандагӣ ва кишварро харобӣ фаро гирифта буд. Ҳаққо, ки ҳар як дарди миллатро аз сидқ ба ҷону дил гирифтанду табиби ҳамин давлату миллат гардида, онро даво бахшиданд. Ҳар як сокини бедордили кишвар хидматҳои олиҳимматонаи Роҳбари давлатро ба хубӣ дарк мекунаду ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки Пешвои муззами миллат на танҳо оташи ҷанги таҳмили хомӯш бинмуданд, балки таърихи тоҷиконро дубора зинда ва маданияти давлатдориро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Дар ин бора Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин бар ҳақ таъкид медоранд, ки «Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тўли солҳои президентӣ ба ў муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рўзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад..»

Ҳақ бар ҷониби ин сатрҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари созмондиҳӣ ва такмилу таҷаддуди аслҳо ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, умури сиёсивуиҷтимоӣ, ниҳодҳои фарҳангиву маънавӣ, расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудани нақшаҳои мушаххаси барномаи ҷомеи рушди Тоҷикистон самтҳои асосии ислоҳоти низоми қонунгузориро бар мабнои манофеъ ва ҳадафҳои миллии тоҷикон дар Паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Ин ҳидоят вадастуротидурбинонаиЭмомалӣ Раҳмон бо барандохтани заминаҳои ангезиши халалу низоъҳо, бо истиқрори тавозун дар миёни рукнҳои давлатдорӣ ва ташкилоти идорӣ тамаркузи қудрати сиёсиро истҳком бахшида, барои рушди шахсияти инсон ва ҳуқуқҳои ў фазои муносиби сиёсӣ ва қонунгузориро устувор намуд.

Ғояи ягонагӣ, ваҳдати инсонҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тафаккури аҳли башар дар пайвастагӣ бо андешаи маншаи ягонаи ҳастӣ ва офариниш ҳанўз дар даврони қадим таълимоти комили ҷаҳоншинохтиро ба вуҷуд оварда буд.

Дастовард ба сулҳу осоиш ва ба ҳам омадани миллати кўҳанбунёди мо ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард ва боис ба он шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқасос, озоду соҳибихтиёр ва мустақилу иҷтимоӣ эътироф ва шинохта шавад.

Орифе хуб гуфтаааст: Ҷисму ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавҳари ваҳдат сохтаанд. Он кас, бешубҳа, мунодии суботкори рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат мебошанд. Аз чеҳраи нуронии сарвари давлат нури сулҳу сафо, оштии миллӣ, хайрхоҳию накӯкорӣ падидор аст.

Ҳақ бар ҷониби гӯяндаи ин суханҳои воло, ки дар ҳақиқат он Модари некӯбахте, ки чунин писарро ба бахти миллати тоҷик инъом намудаву бар камол расонидааст. Рагу пайванди ин Родмардро аз ҳамдилӣ, сулҳпарастиву тамаддунофарӣ, арҷ гузоштан ба ниёгону бедорсозии анъанаҳои нек бастаасту ин миллат аз ин ҳама ком мебарад.

Воқеан, Вахдати миллӣ омили асосии шукуфоии Ватан аст, зеро сарзамине, ки макони сулху амонист ва дустиву рафоқат хукмфармосг, рўз аз рўз гул-гул мешукуфад, иктисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маданияташ тадричан меафзояду дар арсаи ҷаҳон обрўю нуфузи бештар пайдо мекунад. Маҳз кўшишҳои пайгирона, азму талоши ҷавонмардонаи Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, соҳаҳои мухталиф рў ба рушд овард ва аз ҳама муҳимаш мардуми фарҳангсолори куҳанбунёдаш соҳиби зиндагии орому осуда гашт. Ин ҷо як ҳарфи самимии Садри муаззами кишварро рӯи қоғаз овардан саривақтист, ки мегӯянд: “Ман тамоми ҳастии худамро, ТАМОМИ ҲАСТИИ ХУДАМро ана барои ҳамин мардум, барои ҳамин сарзамин, барои ҳамин давлати аҷдодӣ, барои хушбахтии ҳамин мардум, ободиву пешрафти ҳамин мардум, боз ҳам дар арсаи байналмиллалӣ бардоштани ана ҳамин давлати тоҷикон БАХШИДААМ!!!!”

Халқи тоҷик хидматҳои шоиста, дастовардҳои беназир, сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишвар, бунёди ҷомеаи воқеан демократии Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Дар ин минвол миёни халқ баробари унвонҳои расмиашон ба он кас унвонҳои ифтихории Президенти мардумӣ, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, фарзанди содиқи халқ ва амсоли инҳо унвон додаанд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, дар қатори дигар сиёсатмадорони олам унвони «Пешвои асри ХХI»-ро мушарраф гардидаанд. Дар ҳақ, ин сарзамини куҳанбунёди тоҷикон имрӯзҳо аз кӯдаки мактабхон то пири садсола ӯро ҳамчун наҷотбахши миллат, поягузори давлати навин, ҳомии бахту саодат мешиносанд ва эътирофу эҳтиром мекунанд. Месазаду меарзад, ки хидматҳои Садри муаззами худро қадр намоем, ҳифз кунему арҷгузорем! Ва ин ҳама арҷгузориро ҳамон авроқи таърих бо ҳарфҳои заррин кайҳост бинвишт!

Имрӯз ин Родмарди тоҷик, ин сарсупурдаи меҳан, ҳомии сулҳу осоиштагӣ, отифи миллатро ҷашни камол аст! Мо халқи тоҷик бо ифтихор ва сарфарозӣ бо як овоз таъкид медорем, ки 70- соли умри пурбаракати хешро барои ҳастии миллат ва оромиву осоиштагии сарзамини Тоҷикистон дареғ надоштед то халқи тоҷик орому осишта умр ба сар баранд. Ҳамеша тансиҳату устувор бимонед Пешвои муаззами миллат.

70 солагӣ муборак эй марди Худод ва сулҳофар!!!

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Эй Қаҳрамони миллат,

Зӯру тавони миллат…

Шарифиён Муқаддас Холиқзода – декани факултети психологиява таҳсилоти томактабии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ