​Шанбегӣ дар факултети санъат

Бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети санъат бо иштироки омӯзгорону донишҷуён чорабинии шанбегӣ гузаронида шуд.

Донишҷӯён асосан сашни бинои факултет, гирду атрофи онро аз ҳама гуна партов ва хасрӯбаю хазонҳо тоза намуданд.

Дар чорабинии дастҷамъона донишҷӯён ва устодон иштирок намуда, факултетро тозаву хуррам ва ба ободонии он саҳмгузорӣ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии донишҷуён ҳамчун нишонаи маданияти шаҳр, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи факултет роҳандозӣ гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ