Саҳми занон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Чунин унвон дошт мизи мудаввар, ки дар факултети филологияи тоҷик доир гардид. Ин ташаббусро сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Шаҳноза Зарипова ба роҳ монда, дар он донишҷӯдухтарони ихтисоси рӯзноманигорӣ ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо ироа гардида, нақшу саҳми бонувон дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, донишҷӯ Вазира Абулфайзова доир ба нақши занону духтарон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маърӯза карда, перомуни фаъолияти ҳунармандии худ маълумот дод.

Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба нуктахои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими мақоми занон дар ҷомеа табодули афкор намуданд.

Раиси Шӯрои кор бо занону духтарони факултет Раҳимова Манзура иқдоми мазкурро судманд маънидод намуда, даъват ба амал овард, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ ба роҳ монда шуда, ҷоннок шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ