​Саҳми забоншиносони тоҷик дар рушди илм

Дар факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Саҳми забоншиносони тоҷик дар рушди илм» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ декани факултет профессор Меҳринисо Абдуллоева, мудири шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент Боҳирҷон Раҷабов, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Сармуаллим Саидмуҳиддин Холов чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи чорабинӣ ошно сохт. Мавсуф қайд кард, ки забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар мавқеи асосиро ишғол намуда, ҳифз ва ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо мебошад.

Сипас, профессор Меҳринисо Абдуллоева баромад намуда, иброз дошт, ки забон ҳар як миллат хотираи фаврҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳамон миллат мебошад. Зикр гардид, ки саҳми забоншиносони тоҷик дар рушди илм басо назаррас буда, ба қалами онҳо теъдоди зиёди китобу асарҳои илмӣ мансуб мебошанд, ки ба нақду баррасии паҳлуҳои гуногуни забоншиносӣ бахшида шудаанд. Инчунин қайд гардид, ки дар даҳ соли охир 40 фоизи устодони факултет бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд, ки ин дастоварди назаррас мебошад.

Боҳир Раҷабов зимни баромадаш саҳфи факултети забонҳои хориҷиро дар рушди илм ва омоданамудани кадрҳои лаёқатманд хуб арзёбӣ намуд.

Тибқи барномаи чорабинӣ омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ Р.Усмонова, дар мавзӯи “Олими пешқадам ва инсони нексиришт” роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти профессор А. Мамадназаров ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки саҳми А. Мамадназаров дар рушди илм басо чашмрас буда, ӯ зиёда аз 140 мақола, дастурҳои таълимию илмӣ ва рисолаҳоро ба табъ расондааст. Зиёда аз 20 асари илмӣ ва таърихию фарҳангиро бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ё аз тоҷикӣ ба англисӣ баргардон намудааст.

Ҳамчунин омӯзгорон Ҳ. Исматуллоев дар мавзӯи “Абармарди матин” доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмиии профессор Каримҷон Усмонов М.Р. Заҳурзод дар мавзӯи “Олими нуктасанҷ” перомуни ҳаёт ва фаъолияти профессор Т. Ваҳобов ва докторанти PhD Х.Оқилова доир ба ҳаёт ва фаъолияти профессор П.Ҷамшедов, магистрантон Б.Ӯзбекова, М. Ҳоҷибоева, Г.Раҷабова маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён дар васфи забон шеъру сурудҳои дилнишин қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ