Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкамгардонии сулҳ ва аминяти ҷаҳонӣ
Самти стратегии фаъолияти сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона ва ҳамаҷониба дар ҳалли масъалаҳои калидии муосир, мусоидати ҳаматарафа ба фаъолияти байналмилалӣ бо мақсади мустаҳкамгардонии сулҳи умумибашарӣ, инкишофи ҳамкории судманд дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати эҳтироми ҳамаҷониба, баробарҳуқуқӣ бо тамоми кишварҳои дунёро ҷонибдорӣ мекунад. Самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар сиёсати беруна ин мустаҳкамгардонии сулҳи ҷаҳонӣ ва бехатарӣ, васеъшавии доираи ҳамкорӣ ва муносибатҳои сулҳҷӯёна дар ҷаҳон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити шаҳри Ню-Йорк роҳбарони давлатҳои ҷаҳонро баҳри дастрасии ҳадафҳои ягона барои таҳкими сулҳу суботи устувор дар дар тамоми ҷаҳон даъват намуд, пешниҳод карданд, ки ба ҷангҳои бемаънӣ ва озордиҳии инсон хотима бахшанд.
Тоҷикистон иштирокчии фаъол дар ҳамкориҳои байнидавлатӣ буда, саҳми худро барои мустаҳкам намудани маданияти сулҳдорӣ ва эътимоднокии тарафайн мебошад. Дар ин ҷода ҳамкории васеъ ва мақсадноки Тоҷикистон бо СММ бо самти пешгирифтаи сиёсати берунаи мамлакат таъмин карда мешавад.
Тоҷикистон тарафдори кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба мастаҳкамгардонии нақши СММ барои нигоҳдорӣ ва дастгирии амалҳои глобалӣ баҳри таъмини сулҳу субот дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон баромад мекунад.
Вазъи имрӯзаи сиёсати байналмилалӣ чандин маротиба самаранокии ҳамкории субдманди тамоми мамлкатҳои ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои муҳим ва хатарҳои давраи муосир ифода кардааст. Ҳодисаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки пойдории сулҳ, мустаҳкамгардонии бехатарӣ ва мӯътадилӣ масъалаи глобалӣ боқи мемонад. Дар ин росто ҳадаф ва вазифаҳои дар назди Тоҷикистони соҳибистиқлол истода, смтҳои сиёсати беруна ва афзалиятҳои он барои ҳалли масъалаҳои башарият ва таъмини рушди устувори ҷаҳонӣ равона карда шудаанд.
Низомнокии сиёсати давлатӣ, умумияти масъалаҳои стратегии самти сиёсати дохилӣ ва беруна, муқоиса намудани ҷиҳатҳои муҳими ҳаёти байналмилалӣ бо манфиатҳои миллӣ нишондоди асосии муайян намудани натиҷаи самти сиёсати берунии Тоҷикистон муайян менамояд, ки пеш аз ҳама ба фаъолияти сиёсӣ-дипломатӣ нигаронида шудаанд.
Чи хеле маълум аст, ки дар тӯли солҳои зиёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо СММ як қатор ташабусҳоро пешниҳод кардаанд ,ки аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки резолютсияи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шуда, барои муҳокимаи имкониятҳои Стратегияи бехатарии глобалӣ дар асоси принсипҳои фаъолияти СММ ва меъёрҳои умумии ҳуқуқи байналмилалӣ, бо дарназардошти воқеъияти аслӣ ва тамоюли тараққиёти ҷаҳон оғоз карда шавад.
Стратегия бояд дар худ самтҳои дипломатияро ба сифати пешгирӣ намудан ва бартараф намудани муноқишаҳои гуногунро бояд фарогир бошад.
Дар чорчӯбаи 79-ум Ассамблеяи Генералии ССМ як қатор ташаббусҳо оид ба нигоҳдории сулҳ ва бехатарӣ дар ҷаҳон пешниҳод намуда, Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷомеъаи ҷаҳонро барои таъмини ҳадафҳои рушди устувор даъват намуданд.
Ҳошимзода М.С., Усмонова М.А.
ассистентони кафедраи назарияи иқтисодӣ