​Саҳми Пешвои миллат дар рушди забонҳо ва такмили таълими онҳо

Дар факултети муҳандисӣ-омузгории Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии забон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Неъматзода Муқаддас дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд. Дар тақвияти ин суханон дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филология, дотсент Файзулло Баҳриев доир ба рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шоира Ҳакимова дар гузориши худ изҳор дошт, ки даврони истиқлол барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоид фароҳам оварда, он рушду нумуи худро касб кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шудааст.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷуён шеъру гуфторҳо дар васфи Ватан, Пешвои муаззами миллат, забон ва ҳифзи ин рукни бебаҳо қирооат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ