​Саҳми англисшиносони тоҷик дар рушди илм

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ таҳти унвони “Саҳми англисшиносони тоҷик дар рушди илм” чорабинии илмӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатиитакмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯён доир ба ҳаёт ва фаъолияти олимони барҷаста маърӯза намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чунин чорабинӣ шинос намудани донишҷӯён бо муаллифони китобҳои дарсӣ ба монанди English, Грамматикаи забони англисӣ, Фонетикаи забони англисӣ, луғатҳои дузабонаи англисӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-англисӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ