​Салом, Фаронса!

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили “Салом, Фаронса” баргузор гардид. Нишасти навбатии маҳфил ба мавзӯи Фаронса бахшида шуд. Декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом ва мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ба донишҷӯён дар бораи нақши ҷавонон дар ҳаёти давлат маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон қишри ояндасоз ном гирифта, пайваста таъкид мекунанд: “Ҷавонон – ояндаи миллат ҳастанд”.

Роҳбари маҳфил Темуров Муқим бо донишҷӯён аз руйи нақша суханронӣ карда, дар бораи омӯхтани забони фаронсавӣ ва зарурати он таъкид кард.

Ҳамзамон, донишҷӯён шеърҳои фаронсавӣ кироат намуда, дар васфиустодонбо забони фаронсавӣ сухан карданд. Маҳфил хеле дар сатҳи баланд гузашт ва иштирокчиёни махфил ғизои маънавӣ бардоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ