​Сайёҳони забондон

Бо ташаббуси кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ дар доираи ҳафтаи илм маҳфили “Сайёҳони забондон” баргузор шуд. Нишасти навбатии ин маҳфил ба мавзӯи “Урфу одат ва анъанаҳои тоҷикон” бахшида шуд.

Донишҷӯён бо муаррифиҳои пурмӯҳтаво дар бораи ҷашнҳои миллӣ ва урфу одатҳои халқи тоҷик бо забони англисӣ баромад намуданд.

Ҳамзамон, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома доир ба урфу одатҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла туйи арӯсию домодӣ, ҷашни Сада, Меҳргон, шугун табодули афкор сурат гирифта, байни донишҷӯён саволу ҷавоб доир шуд.

Дар назар аст, ки нишасти ояндаи маҳфил доир ба саводи тамошои филм ва кино доир шуда, иштирокчиён барои тамошои филми “Рустам ва Сӯҳроб”-ро муваззаф шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ