​Сафи докторони илм боз як нафар афзуд

Тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2022, №2 ба устоди факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Алиҷонов Ҷамшед Абдуқаюмович дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Алиҷонов Ҷамшед дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи илмии худро ҳимоя намуда буд, ки ҳамакнун аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ сазовор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки номбурда рисолаи илмии худро ҷиҳати дарёфти дараҷаи доктори илм дар мавзӯи “Рушди иқтисодии воридотивазкунанда дар шароити иқтисодиёти гузариш (мар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) дифоъ намудааст.

Мавсуф муаллифи 4 монографияи илмӣ, 70 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 10 китоби дасрӣ ва таълимӣ-методӣ унвон мешавад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Алиҷонов Ҷамшедро ба муносибати сазовор гардидан ба унвони илмии доктори илмҳои иқтисодӣ табрик гуфта, дар самти расидан ба дастовардҳои боз ҳам баландтари илмӣ барору пирӯзиҳо таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ