Сабабҳои пайдоиши экстремизму терроризм ва омилҳои пешгирии он

Ҳар як марҳилаи таърихии инсоният бо падидаҳои иҷтимоии худ баҳо дода мешавад. Дар байни ин падидаҳо зуҳуроте ҷой доранд, ки тобиши манфӣ дошта, ниҳоят ба дараҷаи олитарини инкишофи худ мерасанд ва ба тараққиёти минбаъдаи ҷомеа монеаи калон мегарданд. Ин шаҳодати он аст, ки бо пешравии замона, дар баробари осону беҳтар гаштани раванди ҳаёт мушкилотҳои нав ба нав ба вуҷуд меоянд, ки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш меоранд. Яке аз чунин падидаҳои номатлуб, ки дар асри XXI ба дараҷаи олии инкишофи худ расида, феълан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст экстремизм мебошад. Экстремизм ва терроризм дар радифи падидаҳоест, ки ҳанӯз шарҳи ягонаро доро нестанд.

Мавҷудияти андешаҳои ифротӣ дар мафкураи баъзе ашхос ва дар ин замина содир кардани амалҳои экстремиятӣ аз падидаҳоест, ки дар тӯли таърих инсониятро ҳамроҳи мекард. Аммо дар шароити кунунӣ масъалаи мазкур ба масоили доғи рӯз табдил ёфтааст, зеро мутаассифона бархе аз давлатҳои абарқудрат тактикаи тасаруфнамоии худро иваз карда, эътиқоди динию мазҳабии мардумро ҳамчун доираи нозуки ифротикунонӣ истифода бурда истодаанд. Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин падида дар канор нест.

Экстремизм дар системаи навини олам яке аз масъалаҳои пурихтилоф ва мураккабтарин ба шумор меравад. Ҳамчун истилоҳи илмӣ мафҳуми “экстремизм” аввалин маротиба дар ибтидои асри XX аз тарафи ҳуқуқшиноси фаронсавӣ М.Лерой истифода шудааст. Ӯ фарқияти асосии ин ҷараёни сиёсиро талабот ба доштани эътиқоди мутлақ ба ғояи сиёсии ташвиқшаванда аз тарафи пайравонаш медонист. Экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар натиҷаи ҳаракатҳои муайяни қувваҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст ва фаъолияти онҳо ба самте равона шудааст, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳояшон танҳо усулҳои зуроварӣ, моҷароҷӯӣ, фитнагарӣ ва террорро истифода мебаранд. Яъне онҳо роҳи ҳалли мувофиқро қабул надоранд. Ба ақидаи К.О.Никонов “экстремизм – ин зуҳуроти амали фаъоле мебошад, ки аз чаҳорчӯбаи мақбул берун баромада, марому мақсадҳои худро бо қувваи зӯрӣ ба анҷом мерасонад”.

Экстремизм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ, дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад ва вобаста ба замон ва макон хусусиятҳои ба худ хосро дошта метавонад. Чунин падидаи номатлуб ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро низ нигарон намудааст ва солҳои охир рӯ ба авҷгирӣ дорад. Таҳлили адабиёти мавҷуда нишон медиҳад, ки дар ибтидо дар шакли террори сиёсӣ, муқобилият ба давлат ва сокинони осоишта равона шуда буд. Дар он замон гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба гаравгонгирӣ, ғасби иморатҳои чамъиятиву давлатӣ машғул буданд. Экстримизми сиёсӣ асосан аз солҳои 70-уми қарни XX авҷ гирифта буд ва он ҳама гуна низоми сиёсию ҳуқуқиро сарфи назар намуда, новобаста аз меъёрҳои конститутсионӣ, амалҳои худро ҳақ бароварданӣ мешавад ва экстремистон усулҳои гуногунро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд: ба гарав гирифтани роҳбарони сиёсӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони дигар, кушторҳои сиёсӣ, ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва ғайра. Яъне, барои ба даст овардани мавқеи сиёсии худ амалҳои мудҳишонаро содир менамоянд.

Паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ба косташавии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва психологӣ оварда мерасонад. Айни ҳол шаклҳои маъмултарини он – экстремизми сиёсӣ ва ҷаҳолати динӣ дар ҷомеаи мо мақоми хоса пайдо намудаанд ва аз масъалаҳои муҳими таҳқиқотӣ ва назариявии доираи васеи илмҳо, аз ҷумла илмҳои психологӣ ва ҷомеашиносӣ ба ҳисоб мераванд. Мавқеи геополитикии Тоҷикистон бешубҳа онро ба минтақаи осебпазир дар муносибат ба паҳншави авҷи экстремизм ва ифротгароӣ табдил додааст. Дар ин радиф метавон омилҳое ҷудо намуд, ки ба осебпазирии Тоҷикистон дар муносибат ба экстремизм мусоидат мекунанд:

  • Аз ҷиҳати геополитикӣ Тоҷикистон дар минтақаи марзӣ байни сохти давлатдории динӣ (Афғонистони ноором) ва дунявӣ (дигар давлатҳои Осиёи марказӣ) қарор дорад.
  • Решаи қадима доштани ҷараёнҳои экстремистии динӣ дар Тоҷикистон. Масалан, ваҳҳобизм ба Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX-XX тавассути Ҳиндустон ворид шудааст.
  • Дар шароити ҷаҳонишавӣ воридшавии босураъати арзишҳои аврупоӣ ва фарҳанги Шарқ (хусусан давлатҳои Араб) ба ҷомеаи Тоҷикистон бархурдро дар қабул, эҳтиром ва интегратсияи арзишҳо ба вуҷуд овард, ки боиси пайдошавии “бегонашавии иҷтимоӣ” дар байни ҷавонон гардид. “Бегонашавии иҷтимоӣ” дар муҳити ҷавонон хоҳу нохоҳ рӯҳияи экстремистиро тавлид мекунад, ки дар шароити мо ба ҳаракатҳои экстремистии исломӣ табдил меёбад.
  • Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксари аҳолии он мардуми дорои эътиқоди динӣ мебошанд, бо сабаби паст будани маърифати динӣ таасуб ва хуруфоти динӣ хеле баланд аст. Устувор будани эътиқоди динӣ ва паст будани маърифат дар ин соҳа аз омилҳои муҳими фирефта шудани ҷавонон ба ақидаҳои ифротгароӣ мебошад.
  • Теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва мусаллам аст, ки шароити бади зиндагӣ дар ғурбат онҳоро ба ақидаҳои бардуруғи “идеалкунонии ҳаёт” ва “адолати иҷтимоӣ”, ки аз тарафи мубаллиғони гурӯҳҳои экстремистӣ бо истифодаи усулҳои психологии боваркунонӣ пешниҳод мегарданд, мутаасиршаванда мекунад.

Чӣ тавре профессор Г.Н.Зокиров дар китобаш “Донишномаи сиёсӣ” оварда аст: “солҳои охир на танҳо ташкилот ва нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, балки мақомоти давлатӣ низ ҳамчун субъекти экстремизми сиёсӣ баромад менамоянд. Махсусан, вақте ки давлатҳои абарқудрат ба амалҳои экстремистӣ ҳамроҳ мегарданд ва ё равандҳои экстремистии дигарро ҷонибдори менамоянд, ҳолати шадиди муносибатҳои байналхалқӣ ба амал меояд, ки боиси босуръат инкишоф ёфтани моҷароҳои сиёсӣ мегарданд”.

Сабабҳои пайдоиши экстримизми сиёсиро ҳолати буҳронии инкишофи ҷомеа, махсусан буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳолате, ки давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф аст, кӯшиш менамояд, ки ҳама имкониятҳои дастрасро барои барқарор намудани мақоми устувор истифода барад, экстремистон бо талқинҳои таъсирбахш ва воситаҳои диққатҷалбкунандаи худ аъзои ҷомеаро ба доми худ мекашанд, яъне нуфузи сиёсии худро ба даст меоранд. Барои амалӣ кардани мақсадҳояшон аз маблағҳои бузург ва усулҳои нав ба нави фишори психологӣ истифода мебаранд. Экстримизми сиёсӣ на танҳо барои ин ё он қувваҳои сиёсии амалкунанда, балки барои тамоми ҳокимияти демократӣ низ хавфнок мебошад. Дар ҳолате, ки дар мамлакат равияҳои гуногуни динӣ ва ақидаҳои мутақобила пайдо мешаванд, дар аввал ба ихтилофҳои хурд-хурди гурӯҳӣ табдил ёфта, минбаъд тамоми кишварро фаро гирифта, ҳолати ҷангиро ба вуҷуд оварда метавонанд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ шаклгирии ҷаҳонбинии одамон дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла муҳити оила, системаи маориф, дин, муассисаҳои фарҳангӣ, инчунин таъсири бевоситаи ВАО ба амал меояд. Гурӯҳҳои калони экстремистӣ дини мубини Исломро парчами худ қарор дода,бо маҳорати баланди ташвиқ ва тарғиботи тавассути интернет паҳншуда одамонро ба низоми нави динӣ даъват менамоянд ва дар кишварҳои гуногуни дунё пойгоҳҳои сиёсию низомии худро ташкил менамоянд.

Чунин зуҳуроти иҷтимоӣ пеш аз ҳама таъсири худро ба наврасону ҷавонон мерасонад, зеро дар онҳо қабули қарорҳои иҷтимоӣ зуд ва саросемавор ба амал меояд. Ҷавонон ҷузъи нозуку осебпазири ҷомеа ҳастанд, диққати онҳо доимо ва бевосита ба навигариҳо ва ангезандаҳои нав ба нав равона аст. Ҳақиқати таъсири воситаҳои муосири ахбори омма ба ҷавонон баҳснопазир аст. Дар бисёр мавридҳо ин таъсирот натиҷаҳои манфиро аз қабили авҷи парокандагии наслҳо, вайроншавии анъанаҳои умумибашарӣ, коста шудани тасаввуроти ҷавонон дар бораи таъриху маданияти худ ва аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон ва ғайра ба бор меорад.

Мавриди қайд аст, ки манфуртарин шакли экстремизми сиёсӣ терроризм аст. Ҳоло зиёда аз 200 шарҳи ин падидаи манфӣ мавҷуд аст, ки ҳеҷ яки он умуми эътирофгардида намебошанд. Дарки падида бошад аз тавсифи мафҳумии он осон нест, зеро бо вуҷуди хусусияти бисёр ҷабҳа доштанаш боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилотҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизм ба ҳисоб меравад. Терроризм дар адабиёти гуногуни ҳуқуқӣ ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремизм фаҳмида мешавад. Терроризм – ин зуҳуроти вазнини иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ дар рушди ҷамъитяии кишварҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Терроризм – ин яке аз шаклҳои навини таҳдид ба оламу одам мебошшад.

Омилҳои асосии сар задани терроризм ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва маъънавӣ тақсим намудан мумкин аст. Дар бисёр ҳолат терроризмро бо ҷанги муқаррарӣ як медонанд, ки ин андеша куллан хато аст, чунки терроризм амали бардавомро соҳиб буда, онро як навъи ҷанги бемуҳлат ном мебаранд. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси хад фарқ мекунанд, ки онро “психологияи террорист” меноманд.

Экстремизм ва терроризм табиатан ба бемориҳои сирояткунанда монанд аст ва пешгирӣ намудани он нисбат ба бартараф сохтанаш ҳам арзону ҳам самарабахш аст. Барои аз гуна амалҳои ношоиста, махсусан шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ эмин нигоҳ доштани одамон, пеш аз ҳама ҷавонон баэътиборгирии ҷанбаҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

  • Таҳаммалпазирӣ. Дар дунё кишварҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо миллатҳои гуногун бо маданият, мазҳаб, тарзи ҳаёт, урфу одатҳои ба худ хос ҳаёт ба сар мебаранд. Яке аз роҳҳои пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримистӣ – ин тарбияи таҳаммулпазирӣ дар он мебошад. Мафҳуми таҳаммулпазирӣ пеш аз ҳама маънои пуртоқатиро дорад. Танҳо шахсе, ки ба дигарон интихоби зистанро мутобиқи ҷаҳонбини шахсии худи онҳо имконият медиҳад, худро дар ҳақиқат таҳаммулпазир ҳисобида метавонад.
  • Сатҳи маърифатнокӣ. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, сабаби асосии гаравидани мардум, махсусан ҷавонон ба гурӯҳи ифротӣ на ҷанбаи моддӣ, балки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад ва маҳакӣ он сатҳи пасти маърифатнокӣ мебошад. Дар ин доира паст будани маърифати динӣ ҳамчун яке аз сабабҳои асосӣ баромад мекунад.
  • Косташавии фарҳангу маданият. Ин зуҳурот сабабгори он мегардад, ки одамон майл ба хулқу атвори бегона пайдо мекунанд, нисбат ба арзишҳои миллии худ, бетараф, бефарқ ва бадбин мешаванд.
  • Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ. Худшиносии миллӣ аз чунин сифатҳои асосӣ иборат аст: маданият, дин анъанаҳо, иқтисодиёт ва сиёсат. Маданият ва дин унсурҳои худшиносии миллӣ ба ҳисоб мераванд ва сатҳи устувории онро инъъикос мекунанд.

Чуноне ки мебинем, дар пешорӯи мо мушкилотҳои ниҳоят мураккаби тарбияи ахлоқии насли наврас ва умуман ҷомеаи инсони истодаанд. Оқибати бетарфӣ ва нодидагирии ин проблемаҳо хеле фалокатборанд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои аввалин ва муҳимтарине, ки ҷомеа бояд ҳалли онро ҳар чӣ зудтар ёбад, ин ба роҳ мондани шакли оқилонаи тарбияи насли наврас мебошад. Ҳалли ин масъала бояд бо ҷалби ҳамаҷонибаи мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла психологҳо, файласуфҳо, диншиносон, сиёсатмадорон, сотсиологҳо ва дигарон ба роҳ монда шавад.


Ҷабборова В.Ҳ.- муаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ